Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳви 50 Толиб дар ноҳияи Сангин


Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, 50 ҷангҷӯи Толибонро, ки аз шаҳраки Мусоқалъа фирор карда буданд, дар ноҳияи Сангин кушта шуданд. Ин ҷангҷӯёнро ҳангоми саъйи онҳо барои ҳамла ба қароргоҳи ҳукумати ноҳияи Сангин сарбозони афғон бо кӯмаки қувваҳои ҳавоии НАТО ба ҳалокат расонидаанд. Ноҳияи Сангин дар ҳамсоягии шаҳраки Мусоқалъа воқеъ аст, ки Толибон онро моҳи феврал тассаруф карда буданд, вале ин ҳафта нерӯҳои Афғонистону Бритониё ва Амрико шаҳраки Мусоқалъаро аз дасти ҷангҷӯёни Толиб озод карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG