Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чиҳил нафар дар Бағдод


Пулиси Ироқ гуфт, дар натиҷаи таркиши се мошини бомбгузоришуда дар шаҳри умдатан шиъанишини Аморои Ироқ ҳадди аққал 40 нафар ҷон дода ва тақрибан 150 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда чанд рӯз пеш аз он ба вуқӯъ пайвастанд, ки қарор аст, нерӯҳои Бритониё масъулияти таъмини амниятро пурра дар ихтиёри нерӯҳои Ироқ гузоранд. Сарбозони Бритониё аз соли 2003 инҷониб масъули таъмини амният дар ҷануби Ироқ ҳастанд. Дар дигар ҷойи Ироқ дар шаҳри Бағдод бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи Шӯрои Амнияти Амрико бомбгузориҳоро амали дасти душманони озодӣ хонд.

XS
SM
MD
LG