Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Вазиристон 15 ҷангӣ ва 6 сарбоз кушта шуданд


Дар натиҷаи задухӯрде миёни артиши Покистон ва ҷангиёни исломӣ дар маҳалли қабиланишини марзи Афғонистон 15 ҷангӣ ва 6 сарбози покистонӣ ба ҳалокат расиданд. Рӯёрӯӣ баъди он сар зад, ки гурӯҳи ҷангиёни мусаллаҳ ба як корвони низомӣ дар шаҳри Мироншоҳ, маркази вилояти Вазиристони Шимолӣ ҳамла карданд. Чанде пеш аз ин, бар асари таркиши як бомбаи сарироҳӣ дар наздикии корвони мошинҳои низомӣ, ки равонаи Мироншоҳ буд, се сарбоз ҷароҳат бардоштанд. Покистон ҳазорҳо сарбозони худро дар ин минтақаи даргир ҷойгир кардааст, аммо ҳамоно дар муқобила бо шӯришиён муваффақ нашудааст.
XS
SM
MD
LG