Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз дастовардҳои қарни гузашта ин буд, ки тавлидоти маводи ғизоӣ дар кишварҳои пешрафтаи саноъатии ҷаҳон ба маротиб афзоиш ёфт.

Чунин афзоиш на танҳо дар худи кишварҳои пешрафта сатҳи зисти мардумро боло бурд, балки барои коҳиши мизони гуруснагӣ дар кишварҳои ақибмонда низ кумак кард. Дар баъзе кишварҳо пурхурӣ ҳатто ба мушкили инсонҳо табдил ёфт. Ин нуктаро набояд фаромуш кард, ки бо афзоиши тавлидоти маводи ғизоӣ шумораи аҳолӣ низ дар ҷаҳон афзоиш ёфт.

Тибқи маълумоти мавҷуда, шумораи аҳолии сайёра аз соли 1961 ба ин сӯ 112 дарсад зиёд шудааст. Тавлиди ғалладона 164 дарсад ва гушт 700 дарсад боло рафтааст, яъне афзоиши тавлидот нисбат ба афзоиши шумораи аҳолӣ бештар аст. Гузашта аз ин, бояд дар назар гирифт, ки сифати тухмиҳои ғалладона низ беҳтар шудааст ва кишоварзон барои парвариши ғалладона таҷҳозоти пешрафтаро ба кор мебаранд.

Аммо мо мехоҳем масъалаи дигарро матраҳ кунем. Солҳои ахир дар сайёраи мо раванди дигаре шуруъ шудааст, ки ба ақидаи коршиносон, метавонад ҷараёни афзоиши маводи ғизоиро боздорад. Ин равандро коршиносон ба истилоҳи худашон "поёни давраи ғизоҳои арзон" арзёбӣ кардаанд. Маҷаллаи маъруфи "Экономист" дар шумораи ахири худ навиштааст, дар давоми соли гузашта нархи маҳсулоте, ки аз ғалладона таҳия мешавад, боло рафтааст. Ба ин гуруҳи маҳсулоти хурданӣ пеш аз ҳама орду руған дохил мешавад.

Масалан, нархи як халта ҷуворимаккаи 36 килограммӣ аз 2 доллар ба 3 доллар расид. Халтаи 36 килограмии гандум, ки 3 доллар буд, 4 доллар арзиш дорад ва ҳоло мегуянд, ки нархи он ба 9 доллар баробар шудааст. Соли гузашта дар Амрико нархҳо 13 дарсад боло рафтааст. Дар ин миён нархи тухм 42 дарсад зиёд шудааст. Дар кишварҳои дигар низ ҳамин раванд мушоҳида мешавад. Пажуҳишгоҳи мутолеъоти байнулмиллалӣ дар бахши маводи ғизоӣ - марказаш дар Вошингтон мегуяд, боло рафтани ин навъи зироъат барои кишоварзон хуб аст, онҳо даромади бештар ба даст меоранд. Вале болоравии нархҳо хатари гуруснагӣ ва фақрро низ дар пай дорад.

Коршиносон ҷонибҳои дигари масъаларо низ аз мадди назар дур намекунанд. Масалан, маҷаллаи «Экономист» навиштааст, ки аз соли 2000 ба ин сӯ нархи бензин ва соири маводи сухти нафтӣ се баробар боло рафтааст. Ба ин далел коршиносон талош доранд, ба ҷои он сухти дигаре пайдо кунанд, ки захираҳои он барқароршаванда бошад. Дар ин маврид онҳо баъзе зироъатро дар назар доранд, ки ҳар сол кишт мешавад ва ҳосил медиҳад ва мисли захираҳои нафту гоз поёнпазир нест.

Шодӣ Шабдолов, узви кумитаи саноъат ва энержии порлумони Тоҷикистон, дар ин бора мегуяд, дар баъзе кишварҳо ҷуворимакка ва гандумро низ ба спирти этилӣ табдил медиҳанд ва аз он барои сухти нақлиёт истифода мекунанд. Сабабаш ин аст, ки захираҳои нафту гоз барқароршаванда нестанд. Ба қавли ӯ, барои ҳамин баъзе кишварҳо мехоҳанд аз захираҳои барқароршаванда, аз ҷумла аз энержии бод, офтоб ва аз маводи биологӣ аз қабили ҷуворимакка, чуби дарахт, торф, лаблабуи қанд ва найшакар истифода кунанд, ки таъсираш ба нархи маводи ғизоӣ мерасад.

Дар мавриди он, ки оё болоравии нархи маводи сухт ё истифодаи сухти биологӣ, ки дар ҷаҳон бо номи этанол маъруф аст, ба нархҳо дар Тоҷикистон таъсир доштааст ё не, оқои Шабдолов мегуяд, чун Тоҷикистон маводи ғизоиро аз хориҷ ворид мекунад, чунин раванд ба нарх дар бозорҳо асар гузоштааст. Вай афзуд, мо мебинем, ки дар Тоҷикистон нархи маводи ғизоӣ, махсусан маҳсулоте, ки аз ғалладона таҳия мешавад, таъсираш расидааст, зеро мо гандумро аз хориҷа ворид мекунем. Дар чанд соли ахир дар кишварҳои СНГ, ба хусус дар Тоҷикистон, нархи орду руған боло рафт.

Маводи сухти биологӣ ё этанол сухти безарар аст ва ба табиати атроф таъсири зиёд надорад. Ба ақидаи донишмандон, истифода аз маводи сухти биологӣ ё этанол яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз гармоиши сайёра ва сарфаҷуӣ аз коҳиши шадиди захираҳои нафту гоз дар ҷаҳон мебошад. Вале онҳо ин нуктаро низ таъкид мекунанд, ки дар сурати истифода аз сухти биологӣ коре бояд кард, ки он ба нархи маводи ғизоӣ таъсири манфӣ нагузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG