Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонс аз 5 медали олимпӣ ва бозиҳои оянда маҳрум шуд


Кумитаи байналмилалии олимпӣ имрӯз расман варзишгари амрикойӣ Мерион Ҷонсро аз 5 нишони тиллои олимпии вай бо далели истеъмоли маводи дорувори ғайриқонунӣ маҳрум кард. Кумитаи олимпӣ инчунин ӯро аз ширкат дар бозиҳои олимпии соли оянда дар Пекини Чин манъ кард ва гуфт, ки барои ширкат дар ҳама дигар бозиҳо дар оянда роҳ дода намешавад. Ҷонс ҳама нишонҳои худро дар бозиҳои олимпии Сидней дар соли 2000-ум ба даст овардааст. Вай аввалин зани варзишкоре буд, ки дар як бозии олимпӣ якбора 5 нишонро ба даст овардааст. Вай аллакай нишонҳои худро ба Кумита баргардонид.

XS
SM
MD
LG