Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ба Афғонистон кӯмак мекунад


Нахуствазири Бритониё Гордон Браун гуфт, ки Бритониё ният дорад дар фосилаи байни солҳои 2009 то 2012 ба Афғонистон дар ҳаҷми 920 миллилон доллар кӯмак кунад. Дар як изҳороташ дар баробари парлумон Браун гуфт, ки Бритониё ба раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карза кӯмак мекунад, ки аъзои толибоне, ки хушунатро рад мекунанд, ба арсаи сиёсӣ ҷалб шаванд. Вай гуфт, ки Бритониё ҳудудан 7800 сарбози худро дар Афғонистон барои дарозмуддат нигаҳ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG