Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фотима Достиева: "Духтари сафир будан саҳл нест"


Фотима Достиева, духтари сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев
Фотима Достиева, духтари сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев

Фотима Достиева, духтари сафири Тоҷикистон дар Русия, ки бидуни муҳофиз ва мошини шахсӣ мегаштааст, зиндагии ҳамарӯзаи худро аз зиндагии фарзандони хонаводаҳои одии тоҷикистонӣ мутавофит намедонад.

Вале ӯ бовар дорад, ки фарзандони ашхоси мансабдор дорои имкониятҳои зиёдтар дар масъалаи омӯзиш ва дарёфти ҷойи кор ҳастанд. Фотима ҳамагӣ 22 сол дорад ва дар бахши англисии Донишгоҳи омӯзгории Душанбе таҳсил мекунад. Аммо ҳоло ҳамроҳи падараш Абдумаҷид Достиев, собиқ вакили порлумон ва ҳоло сафири Тоҷикистон дар Русия, дар шаҳри Маскав қарор доштааст.

Фотима мегӯяд, духтари сафир будан кори саҳл нест ва ҳам иҷоза намедиҳад, ки якҷо бо дугонаҳояш ҳатто дар дискоклубҳо – макони фароғатии ҷавонони тоҷик истироҳат кунад. Фотима, аз ҷумла мегӯяд, падари онҳо ба сифати як мансабдори давлатӣ барои ояндаи онҳо на дар бонкҳои Тоҷикистон ва на дар бонкҳои хориҷӣ маболиғе захира накардааст.

Аммо ҷавонони одии кишвар дар ин бора андешаи дигар доранд. Онҳо мегӯянд, фарзанди мансабдорони давлатӣ, ки дар чашми онҳо баробар бо қишри сарватманди ҷомеъа маҳсуб мешаванд, мисли фарзандони одӣ дар мусофирбарҳои ҷамъиятӣ намегарданд ва дар тарабхонаҳои одӣ қатори одамони одӣ хӯрок намехӯранд.

Ба гуфтаи Иршод Сулаймонӣ, як ҷавони тоҷик, фарзанди мансабдорони тоҷикро аз сару либос ва аз тамғаи мошини онҳо шинохтан мумкин аст. Вай афзуд, «ҳақмузди мансабдорони мо, хоҳ вазир бошад ва хоҳ раиси як идораи давлатӣ на бештар аз 300 доллари амрикоист, аммо фарзандони эшон дар кӯчаҳои шаҳр бо мошинҳои гароннархи хориҷӣ мегарданд ва шояд як шиму костюми онҳо баробари моҳонаи падарашон бошад.

Дар ҳамин ҳол, Беҳзоди Исомиддин, як ҷавони дигар, мегӯяд, фарзандони афроди мансабдор ба фанновариҳои муосир дастрасии бештар доранд. Яъне дар хонаи худ метавонанд аз интернет, аз хидмати пизишки фардӣ ва омӯзгори беҳтарини хусусӣ истифода кунанд. Беҳзод мегӯяд, вале фарзандони афроди нодор дар ин гуна маврид дасткӯтоҳанд. Иддае дигар аз ҷавонон мегӯянд, падари онҳо агар шахси мансабдори давлатӣ мешуд, онҳо дар кишварҳои Аврупову Ғарб таҳсил мекардаанд. Ва мусалламан аксар ҷавонони тоҷик мегӯянд, ки орзу доштанд, ки фарзанди як мансабдори давлатӣ бошад.

Коршиносон низ мегӯянд, зиндагии фарзандони афроди доро ва мақомдорон бо оддитарин чизҳо фарқ мекунад, ба мисли ин ки ба истилоҳ ашрофзодаҳоро дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар ба сахтӣ метавон дид, аз ҷумла фарзандони худи президент Раҳмонро, ки 9 нафар будаанд. Аммо ба ман посухи як ҳамсоли дигарам писанд омад, ки дар ин замина гуфт, бо вуҷуди имкониятҳои афзуни моливу иқтисодиии фарзандони мақомот ва сарватмандон, на ҳамаи онҳо гоҳо дорои ҳунар ва истеъдоде ҳастанд, ки баъдан дар ташаккули шахсии онҳо мусоидат мекунад.

Вай гуфт, барои ба қуллаҳои баландтарини таҳсилу кор расидани як ҷавон бояд дар хурдӣ муддате нодориҳову маҳрумиятҳоро таҷриба кунад, то ки баъдан барои ислоҳи камбудии худ талош варзад. Инро сарнавишти бисёр шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ ҳам тасдиқ кардаанд.

XS
SM
MD
LG