Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко хостори раъйдиҳии дигарбораи номзадии Тимошенко


Раиси ҷумҳурии Украина Виктор Юшенко имрӯз номзадии Юлия Тимошенкоро барои раъйдиҳии дигарбора ба парлумон барои вазифаи нахуствазирии кишвар пешниҳод кард. Дирӯз дар натиҷаи овоздиҳии парлумон танҳо як раъй кофӣ набуд, ки номзадии Тимошенко ба ин мақом пазируфта шавад. Ҷонибдорони вай гуфтанд, ки иллат дар системаи овоздиҳӣ аст, ки хароб шудааст. Қарор аст, ки аъзои парлумон имрӯз дар ҷаласаи навбатии худ ҷамъ шаванд, ва аммо таърихи раъйдиҳӣ барои ин масъала ҳанӯз маълум нест. Ду муттафиқи сиёсӣ - Тимошенкову Юшенко дар пайи инқилоби норанҷии соли 2004 ба ҳайси нахуствазир ва раиси ҷумҳурии нави ин кишвар сари қудрат омаданд, ва аммо бо сабаби ихтилофи назарҳо дар миёнашон Юшенко Тимошенкоро ба истеъфо фиристод. Ва инак дар пайи тавофуқи нав, Юшенко ба интихоби ӯ ба вазифаи раиси ҳукумат пофишорӣ дорад.
XS
SM
MD
LG