Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи "гӯштии" Варшававу Маскав


Як мақоми рус гуфт, ки Русияву Лаҳистон дар масъалаи содироти гӯшт ба тавофуқ расиданд. Вазири кишоварзии Русия Алексей Гордеев баъди сӯҳбат бо ҳамтои лаҳистониаш дар Маскав гуфт, ки ду ҷониб ба тавофуқи комил расиданд, ки дубора содироти гӯшти лаҳистониро ба Русия аз сар бигиранд. Аммо ҳанӯз дар ин замина вокуниши Лаҳистон дар даст нест. Русия, бо баҳонаҳои беҳдоштӣ, соли 2005 аз харидани гӯшти Лаҳистон даст кашид. Инро баъзе нозирон чун як иқдоми сиёсии Маскав барои фишороварӣ ба Варшава арзёбӣ карданд.
XS
SM
MD
LG