Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

2 декабр дар Русия интихоботи парлумонӣ ва 10 декабр дар Туркманистон интихоботи Халқ Маслиҳати анҷом ёфтанд. 16 декабр дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ ва 23 декабр дар Узбакистон интихоботи раёсатиҷумҳур баргузор хоҳанд шуд. Дар робита ба вижагиҳои интихоботи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) хабарнигори Озодӣ Фарҳоди Милод як сӯҳбате анҷом додааст бо Брюс Панир, коршиноси амрикоӣ дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ.

- Интихоботи ахири парлумонӣ дар Русия аз интихоботҳои қаблии ин кишвар чӣ фарқ дошт?

- Дар ин интихоботи Думаи давлатӣ барои мухолифини ҳукумат дар қиёс бо интихоботҳои қаблӣ имконият камтар буд. Қариб тамоми дастгоҳи давлат, васоити ахбори умум барои Путин кор мекарданд, аз ин хотир ҳизбаш дар маърака бартарӣ дошт ва сеяки ройи мардумро ба даст овард. Ҳарчанд ки мухолифин дар Дума хоҳанд буд, бояд зикр кард, ки дар даврони Елсин ва давраи пешини раёсати худи Путин онҳо имкониятҳои зиёд доштанд ва ҳоло ин имконот бамаротиб коҳиш ёфтаанд.

- Чаро ҳукумати Русия бо мухолфинаш ин гуна рафтор мекунад? Мешавад гуфт, ки аз онҳо тарс дорад ё онҳоро писанд намекунад?

- Кремл аз онҳо наметарсад. Шояд як дараҷа тарс ҳам дорад, аммо ин тарси калон нест, балки хеле кам. Аммо Кремл, оқои Путин низ бар онанд, ки Русия бо роҳи дуруст меравад. Дар замони Елсин Русияро ҷомиаи байнулмилал як кишвари дар қиёс бо Иттиҳоди Шӯравӣ заъиф медонист. Дар даврони Путин обруйи Русия боло рафт. Акнун ҳукумати Русия фикр мекунад, ки ақида, сиёсат ва роҳи интихобкардааш дуруст аст ва набояд ин роҳ тағйир дода шавад.

- Чаро шахсияти Путин дар тарғибу ташвиқи зиёди ҳизби «Единая Россия» ё «Русияи воҳид» зиёд истифода ё шояд сӯистифода шуд?

- Ба хушбахтии Путину ҳизбаш обрӯйи раисҷумҳур хеле баланд аст ва наметавон обрӯйи Путинро бо раҳбарони дигари ҷаҳон муқоиса кард. Мардуми Русия ӯро кафолати амнияту рушди иқтисодии кишварашон медонанд. Ман дар Русия солҳои 90 ва баъдтар низ зиёд будам. Он вақт мардум бар он буд, ки Русия аҳамияту ғурурашро аз даст додааст. Ҳоло фикр мекунам, ин мардум аз пирӯзии Путину ҳизбаш дар интихобот хуш ҳастанд ва ин пирӯзиро нишони бозгашти Русия ба саҳнаи сиёсатҳои ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари абарқудрат медонанд. Яъне ҳоло як мантиқ вуҷуд дорад, ки чаро мардум аз Путин пуштибонӣ мекунад.

- Чаро раҳбарони «Русияи воҳид» рӯҳияҳои зиддиғарбӣ е зиддиамрикоиро дар суханрониҳояшон пӯшида намедоштанд? Ин рӯҳияҳо то кадом андоза ба тарғибу ташвиқи онҳо муфид буд?

- Як фалсафа ҳаст, ки ҳар як давлат ба хотири шӯҳрат ва ваҳдаташ ба душман зарурат дорад. Ба назарам, аз рӯйи анъанаи асри гузашта муттаҳам кардани Ғарбу Амрико дар кӯшиши заъиф кардани Русия ва дар арсаи ҷаҳон гузоштани он дар мавқеҳои дуюму сеюм осонтар аст. Аксари мардуми Русия кишварашонро аз рӯйи аҳамият дар ҷаҳон ҳамсони Амрико дидан мехоҳанд. Фикр намекунам, ки рӯҳияи ҳизби «Русияи воҳид» зиддиғарбӣ ё зиддиамрикоист. Аммо ба мардуми оддӣ фаҳмондани он ки Амрико мехоҳад Русияро заъиф ва нобуд кунад, хеле осон аст. Зеро мардуми Русия қариб сад сол аст, ки ин гапҳоро мешунаванд. Солҳои 90 ба назар мерасид Амрико ба Русия дикта мекард, ки чӣ корро кунад ва чӣ корро накунад, ё чӣ кор бояд кунад. Акнун русиягиҳо мебинанд, ки кишварашон ба ду по рост истодааст ва касе ба онҳо чӣ кор кардану чӣ кор накарданро намеомӯзад. Аз ин хотир, Путину ҳизби Путин машҳур ҳастанд. Агар онҳо ба ин шӯҳрат бо рӯҳияи зиддиғарбиву зиддиамрикоӣ даст ёфтаанд, чӣ метавон кард? Ин сиёсат аст. Дар Амрико ҳам ин гуна бархӯрдҳо ҳастанд.

- Бубинед, дар он ки сохтори яккаҳизбӣ ва ҳатто яккасардории мутлақ дар Русия кӣ нафъи бештар мебинад - мардуми оддӣ, ҳукумат ё ширкатҳои бузургу ҷаҳонии Русия, ба монанди Газпром?

- Албатта, ширкатҳои бузург. Бидуни баҳс, онҳо дар даврони Путин хуб ва бидуни мушкил фаъолият доштанду доранд. Барои як русиягии оддӣ ин шояд бетаъсир аст. Зеро раҳбарони рус дар даврони пасошӯравӣ аз ҳар тағйире дар ҷомиа ҳарф заданд, фақат вазъро бад карданд. Демократия гуфтанд, аммо кам чиз ҳосил шуд. Мардуми оддӣ тайи солиёни истиқлолият азоби бебарқӣ, таваррум – беқурбшавии пул, камбуд ё дефитсити ғизоро дид. Путин ин мушкилотро ҳал кард. Ҳоло ӯ кафолат медиҳад, ки вазъ бад намешавад. Хуб мебуд, агар кафолат медод, ки панҷ соли оянда вазъ беҳтар хоҳад шуд.

- Ба ҳамин қарибӣ дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ ва дар Узбакистон интихоботи раёсатиҷумҳур баргузор мешавад. Маҳдуд кардани нақши нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар интихоботи парлумонии Русия ба интихоботҳои Осиёи Марказӣ то кадом андоза таъсир хоҳад кард? Зеро борҳо дидаем, ки таҷрибаи Русия ба зудӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нусхабардорӣ мешавад.

- Мутаассифона, дар Осиёи Миёна ин амр ногузир хоҳад буд. Қаблан онҳо ба танқиди Созмони амният ва ҳамкорӣ бо танқид посух медоданд. Аммо ин маънии онро дорад, ки танқидро қабул накунанд ҳам, ба танқид гӯш медиҳанд. Ин дафъа дар Қирғизистон ин ҳол шояд такрор шавад, аммо дар ӯзбакистон комилан ба танқиди Созмони амният ва ҳамкорӣ аҳамият нахоҳанд дод. Дар ин интихоботҳо нозирони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ширкат мекунанд ва азбаски ин созмонҳо ҳеҷ гоҳ танқид нахоҳанд кард, ба онҳо гӯш хоҳанд дод. Ба танқиди Созмони амният ва ҳамкорӣ бархӯрди Узбакистон мисли Русия хоҳад буд. Яъне боз хоҳанд гуфт, ки онҳо ҳар кореро анҷом доданд, то интихобот демокративу шаффоф сурат бигирад. Ва ҳатто тамоми танқид ба сари Созмони амният ва ҳамкорӣ хоҳад рехт.

- Интихоботҳои чанд соли ахир нишон доданд, ки дар собиқ Шӯравӣ танҳо ҳизби раисҷумҳурон пирӯз мешаванд. Дар Қирғизистон, ягона кишваре, ки инқилоби махмалӣ рух додааст, имкони ҳизби раисҷумҳур Боқиев чӣ гуна аст?

- Барои ман дидани он ки Боқиев ҳизби худашро таъсис дод, хеле таассуфангез аст. Албатта, ӯ раиси ин ҳизб нест. Аммо дар Қирғизистон бисёрҳизбӣ буд, дар парлумон аҳзоби мухолиф ҳам роҳ меёфтанд ва буданд аҳзобе, ки раисҷумҳурро дастгирӣ мекарданд. Аммо ҳизбе набуд, ки фақат аз раисҷумҳур пуштибонӣ кунад. Қирғизистон ҳам ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ монанд мешавад. Шояд «Ақ жол»-и Боқиев беш аз 50 дарсади раъйи мардумро ба даст орад. Аммо Қирғизистон ба Қазоқистону Тоҷикистон ва Узбакистон монанд мешавад. Боиси таассуф аст, ки як сол баъд дар Қирғизистон ҳам парлумон таҳти дойраи Боқиев рақс кунад. Зеро ин кишвар ҳамчун «ҷазираи демократия» дар Осиёи Марказӣ обрӯйи бахусус дар ҷаҳон дорад ва таассуф мехӯрам, ки як сол баъд аз ин обрӯ маҳрум мешавад.

- Бо роҳандозии ҳамчунин интихоботи якранг ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ чиро мехоҳанд ҳифз кунанд – амнияти худ, ё гурӯҳҳои алоҳидаи молиявӣ-сиёсӣ, ё фақат оилаҳое, ки як воқеияти Осиёи Марказӣ шудаанд?

- Суоли аҷиб. Аммо ман мегӯям, ки ҳамаи раисҷумҳурон мехоҳанд дар маснади худ боқӣ монанд. Чизи муҳим он аст, ки онҳо интихобот баргузор карданд. Марҳум Ниёзовро мисол орем. Дар даврони ӯ танҳо як маротиба интихоботи раёсатиҷумҳур баргузор гардид. Ғарбу Амрико ӯро барои ин гуна интихобот танқид карданд, аммо ҳамеша кӯшиданд, ки бо ӯ тиҷорат – бизнес кунанд. Ин як дарсе буд барои бақия раисҷумҳурони Осиёи Марказӣ. Яъне бо вуҷуди танқид бо онҳо тиҷорат хоҳанд кард. Раисҷумҳурон боқӣ мондан мехоҳанд, аммо барои машрӯъияти ҳукуматашон низ муҳим аст. Аз ин хотир, интихобот баргузор мекунанд, то машрӯъияти худро таъйид созанд. Мегӯянд, интихобот ҳаст, ҳизбҳо ҳастанд, ҳарчанд ки ин ҳизбҳои кисагӣ мебошанд. Ва ба ҳамин минвол, амнияти кишварҳояшон, манфиатҳои гурӯҳҳои молиявӣ ва оилаҳои худро нигаҳ медоранд.

- Мардуми Осиёи Марказӣ бар он боваранд, ки интихоботи навбатӣ аз интихоботи қаблӣ беҳтар, яъне шаффофтар мешавад. Аммо таибаҳо нишон медиҳанд, ки сол ба сол, марҳила ба марҳила онҳо баръакси интизороти мардум мешаванд. Чаро?

- Кишварҳои Осиёи Марказӣ интихоботҳоро ба зоҳир ҳамчун беҳтарин шоуи демократия баргузор мекунанд, тавре ки дар узбакистон ба назар мерасад. Дар интихоботи қаблӣ як номзади мухолифи Каримов буд, ҳоло онҳо чор нафар ҳастанд. Мешавад, ки ин як беҳбуд дар сохтор аст, аммо бо натиҷаи қаблан маълум. Намефаҳмам, ки чаро интихоботҳоро беҳтар кардан мумкин нест, аммо дар Осиёи Марказӣ мегӯянд, мо таҷриба надорем. Аммо дар Муғулистон ҳам таҷриба надоранд, аммо интихоботҳояшон бештар шаффофу демократӣ ҳастанд. Чандин маротиба ҳукуматашонро тағйир доданд. Онҳо ҳам мисли Қазоқистону Туркманистон ва Тоҷикистону Қирғизистон ҳастанд. Аммо тавре гуфтам, дар Осиёи Марказӣ ҳадаф танҳо нигаҳ доштани қудрати сарварони имрӯзист. Агар дар Узбакистон имрӯз интихоботи шаффоф баргузор гарданд, бо итминони комил метавон гуфт, ки Каримов раисҷумҳур хоҳад шуд ва ҳамчунин Раҳмону Назарбоев. Аммо онҳо бовар надоранд ва қаблан мехоҳанд кафолат ҳосил кунанд, ки интихоб хоҳанд шуд. Ман ягон таҳдидро ба ин кишварҳо намебинам, аммо барои ман маълум нест, ки чаро онҳо ин таҳдидро мебинанд ва аҷиб аст, ки ин чӣ таҳдид бошад?

XS
SM
MD
LG