Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши шумори сарбозони Молдова дар Ироқ


Ҷумҳурии Молдова имрӯз эълон кард, ки ҳузури низомиашро дар Ироқ ду баробар афзоиш дода шумори сарбозонашро аз 11 нафар ба 20 кас мерасонад. Раиси ситоди артиш гуфт, ки воҳиди низомии мазкур аз чаҳор афсар ва 16 мутахассиси безарарсозии минаҳо иборат мешавад. Гурӯҳи мазкур ҷои ҳайати 11-нафараи сарбозонро, ки бояд дар рӯзҳои наздик ба ватан баргарданд, иваз мекунад. Молдова мегӯяд, ки бо хости ҳукумати Ироқ шумори низомиёнашро дар ин кишвар афзоиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG