Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс ба кӯмаки бештари Афғонистон пофишорӣ дорад


Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико аз аъзои эътилофи НАТО даъват кард, ки барои рафъи камбудиҳои фанниву захиравии Афғонистон мусоидат кунанд. Гейтс, ки дар баробари Маҷлиси намояндагони кишвараш баромад мекард, гуфт вай хаста аз он шудааст, ки намояндаҳои кишварҳои эътилоф дар ироаи захираҳои бештар ба Афғонистон худдорӣ мекунанд. Вай гуфт, ки ният дорад масъалаи камбуди захираҳоро дар нишасти вазирони дифои НАТО дар Шотландия бо кишварҳои дорои нирӯ дар Афғонистон баррасӣ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG