Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби қонун дар бораи ипотека ва ислоҳот ба Кодекси замини Тоҷикистон аз сӯи вакилони порлумон заминаи ҳуқуқии харидуфурӯши замин дар кишварро фароҳам кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки замин бар асоси қонуни асосии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат эътироф шуда, ҳар навъи муомила бо он ғайримумкин аст. Мирзобек Ҳоҷиев, вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки пешниҳоди ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи замин дар кишварро як амали нодуруст арзёбӣ кард, гуфт, фурӯши замин ва ё ба гарав гузоштани он ҳатто барои давлат низ иҷоза дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол Раҳмон Умаров, вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, гуфт, масъалаи ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи замин тайи чанд моҳи ахир ҳам дар ҳукумат ва ҳам дар порлумон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дошт. Ва як гурӯҳи кории таъсисёфта ба манзури ҳалли он низ дар ниҳоят ба натиҷае расид, ки дар ҳоли ҳозир қабули як чунин меъёр барои рушди арсаи кишоварзии кишвар бағоят муҳим аст. Аз ин рӯ ин меъёр ҳам дар қонуни ипотека ва ҳам дар кодекси замин инъикос ёфт.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, бо қабули чунин меъёр дар ин қавонин вакилон амалан кишоварз ва воҳидҳои кишоварзиро ба муздур ва коргари кирояи бонкҳо ва бонкдорон табдил медиҳанд. Зеро дар ҳоли ҳозир кишоварзони тоҷик, ки ҳудуди панҷсад миллион доллар аз фючеристҳо қарздор ҳастанд, имкони молии хариди санади ҳуқуқи истифодаи заминро надоранд.

Ба эътиқоди коршиносони тоҷик, қабули ин меъёр ва ба иҷро даромадани он асосан бонкҳо ва бонкдорҳоро соҳиби замин, вале кишоварзонро маҳрум аз он хоҳад кард. Зеро бар асоси як тасмими давлати Тоҷикистон шурӯъ аз 15 декабри соли равон сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ дар кишвар танҳо тавассути бонкҳои дохилӣ сурат мегирад ва кишоварзон минбаъд метавонанд мустақим санади ҳаққи истифода аз замин барои дарёфти қарзро дар бонкҳо ба гарав гузоранд. Аммо дар ҳолати бозпас нагардонидани қарз санади ба гаравгузоштаи ҳаққи истифодаи замини кишоварзон моли бонкҳо хоҳад шуд ва дигар бонкҳо тасмим хоҳанд гирифт, ки онро ба кӣ бифурӯшанд.

Ба ин далел мегӯянд коршиносон роҳи муносиб дар ин маврид ин мебуд, ки замин ба кишоварзон тақсим мегардид ва сипас бо гузашти замон худи кишварз тасмим мегирифт, ки онро истифода барад ё бифурӯшад.

XS
SM
MD
LG