Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се таркиш дар Ироқ ва 27 қурбонӣ


Полиси Ироқ гуфт, ки имрӯз дар Амара, маркази вилояти ҷанубии Майсон се бомба мунфаҷир карда хисороти зиёд ба дунбол доштааст. Вазири дохила Абдулкарим Халаф гуфт, ки дар ин ҳодиса 27 нафар кушта ва 151 нафар ҷароҳат бардоштанд Силсилаи таркишҳо дар фосилаи чанд дақиқа байни ҳам дар маркази шаҳр рух дод. Дар пайи таркиш дафъатан раиси полиси Амара аз вазифа сабукдӯш шуда ҳаракати мошинҳо дар дохили шаҳр манъ шуд ва сарбозони ироқӣ дар хиёбонҳо мустақар шуданд. Низомиёни бритониёӣ масъулияти назорат бар вазъи амниятии Майсонро апрели имсол ба дӯши мақомоти ироқӣ вогузор карда буданд. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ҳукумат имрӯз дар Бағдод гуфт, ки Ироқ рӯзи 16 декабр назоратро бар вилояти Басра аз дасти нирӯҳои бритониёйӣ дубора боспас хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG