Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашт ба феодализму ғуломдорӣ?


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси заминро, ки муаллифи он ҳукумати кишвар аст, баррасӣ дорад. Лоиҳаи мазкур хариду фурӯш ва ба гарав гузоштани заминро мумкин донистааст, ки ба эътиқоди гурӯҳе аз вакилони мардумӣ ва ҳуқуқшиносон, ин банди лоиҳа муғойир ба қонуни асосии кишвар аст, ки заминро моликияти истисноии давлат донистааст.

Бар асоси лоиҳаи қонуни нав, руасои хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонанд, муҷаввизи ҳуқуқи истифодаи заминҳоро бар ивази гирифтани қарз ба унвони гарав ба бонкҳо вогузоранд. Дар ҳамин ҳол, тартиб ва вижагиҳои гаравро қонуни дигар, ки ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст, «Дар бораи ипотека», муқаррар хоҳад кард. Муаллифони навовариҳо дар Кодекси замини Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар сурати қабул шудани тағйиру иловаҳо ба ин қонун, ҳуқуқ, шароит ва имкониятҳои кишоварзон барои истифодаи пурсамари замин бештар мешавад.

Ва аммо ин лоиҳа мавзӯъи баҳсу баррасиҳо дар маҳофили сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон шудааст. Амният Абдулназаров, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки дар сурати қабул шудани лоиҳаи қонуни мазкур, Тоҷикистон дубора ба замони феодалию ғуломдорӣ бар хоҳад гашт, ки танҳо бонкдорону одамони сарватманд молики замин мешаванд, на деҳқон.

А. Абдулназаров:

«Ҳоло бе ин ҳам замин дар дасти деҳқон нест, вай бе ягон шакку шубҳа дар дасти мансабдорону фючеристҳо аст, аммо ба номи шахсони дигар. Пӯшида нест, ки имрӯз деҳқон аз сармоягузоронаш қарздор аст ва бо ин мисле ки дастнигару ғуломи фючеристҳо шудааст. Агар боз ҳам аз бонкҳо қарз бигиранд ва замин дар гарав бошад, ҳоли деҳқон бадтар аз имрӯз мешавад, ман бовар дорад, ки агар ҳамин лоиҳа қабул шавад, агар имрӯз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар аст, солҳои оянда тамоми шаҳрвандони қобили меҳнат, ба истиснои донишҷӯёну муҳассилини мактабҳои ҳамагонӣ ба муҳоҷират мераванд, Тоҷикистонро тарк мекунанд. Бигузор замин дар дасти кишоварзон бошад. Маркс гуфта буд, ки агар замин ба ихтиёри бонкҳо гузарад, ҷомеа ба синфҳо ҷудо мешавад, камбағал камбағал мемонад. Ва бойҳо ҳамин тур сарватманд мемонанд, ҳам бонк, ҳам замин ва ҳам корхонаҳо дар ихтиёрашон мешавад»

Дар ҳамин ҳол, иқтисодшинос Давлат Усмон бо таъкид ба дурустии тасмими ҳукумат ва парлумон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодекси замин, мегӯяд, ташкили бозори ҳуқуқи истифодаи замин талаби низоми бозаргонист, аммо…

«Пеш аз ин ки мо ин бозорро ташкил кунем, аввалан шароитро барои онҳое, ки ҳуқуқи истифода аз заминро доранд, фароҳам биёрем. Дар тамоми дунё барои сохтори кишоварзӣ авлавиятро қоиланд, давлат барои кишоварзон қарзҳои боимтиёз медиҳад, то ин соҳа бештар рушд бикунад. Сабаби ислоҳоти қонуни замин, яъне ташкили бозори заминро ин гуна шарҳ медиҳанд, ки он барои беҳсозии вазъи кишоварзӣ дар кишвар мусоидат мекунад, аммо таъкид мекунам, ки бидуни эҷоди шароити мувофиқ, ба ин ҳадаф ноил шудан ғайри имкон аст.»

- Вале оқои Усмон, давлат кадом шароитро дар роҳи беҳбуд бахшидан ба вазъи кишоварзӣ дар Тоҷикистон бояд таъмин бикунад? Чи гуна хоҷагиҳои кишоварзӣ метавонанд рушд бикунанд, дар ҳоле ки қарзи онҳо дар назди сармоягузорон ба ним миллиард доллар расидааст?

«- Давлат бояд ки дар марҳилаи аввал ин қарзҳои хоҷагиҳои кишоварзиро ҳамчун қарзи давлатӣ ба ӯҳда бигирад ва мӯҳлати пардохти онро ба таъхир андозад, ба қавле реструктуризатсия бикунад, ҳадди ақалл барои 5 сол, ҳадди аксар - 10 сол. Минбаъд ҳам, баъд аз бӯҳрон баромадани соҳаи кишоварзӣ, бозори бурс ташкил бикунанд, баманфиат хоҳад буд.»

Дар ҳамин ҳол, сари лоиҳаи қонуни мазкур дар Маҷлиси намояндагон низ муҳокимаҳои шадид сурат гирифтааст, тайи се моҳи баррасии ин лоиҳа дар парлумон вакилони мардумӣ назарҳои яксон надоштанд, беш аз 120 пешниҳоди намояндагони мардумӣ ба инобат гирифта шуд. Зимнан, як кумиссиюни вижае иборат аз вакилони парлумон ва аъзои ҳукумат, барои бозбинии лоиҳаи қонун таъсис ёфт.

Аз узви ин кумиссиюн вакили парлумон Шодӣ Шабдолов пурсидам, ки то куҷо ин лоиҳаи баҳсбарангез, ки имрӯз, ба гуфтаи Шумо, аллакай такмил шудааст, ба қонуни асосии Тоҷикистон, қонунҳо ва назари вакилони парлумон мувофиқ гардидааст. Ва умуман, худи Шумо, оқои Шабдолов, то куҷо ба ин тағйиру иловаҳо ба кодекси замин мувофиқ ҳастед? Нуктаҳои аслии он аз чӣ иборат аст?

«-Замин моликияти истисноии давлат аст ва давлат, мувофиқи талаботи қонуни асосӣ, истифодаи онро танҳо барои манфиати тамоми мардум кафолат медиҳад, ҳатто худи давлат ҳақ надорад, як порча заминро барои кишварҳои дигар фурӯшад. Ана ҳамин масъаларо мо дар миён гузоштем, нашавад, ки ислоҳоте, ки ба кодекси замин ворид мекунем, ин кафолатҳои давлативу сарқонунро зери суол барад. Ба гарав гузоштани молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла замин, бояд дар қонун «Дар бораи ипотека» ишора карда шавад, аммо ин қонун ҳоло қабул нашудааст. Бояд дар қонуни ипотека мушаххас карда шавад, ки аз як шакл ба шакли дигар гузаштан чи тур мешавад, кадом қисми заминҳоро умуман ба гарав мондан мумкин нест ва кадом қисми заминҳоро агар ҳуқуқи истифодаашро аз як иҷорагир ба иҷорагири дигар бидиҳем, оё ин замин ҳамчун замини кишоварзӣ боқӣ мемонад ё не? Хулоса ин аст, ки банкирҳо истифодабарандаи замин нестанд, онҳо фақат пул медиҳанд барои қарз ва қарзро бо фоизаш бозпас мегиранд, истифодабарандаи замин бояд худи кишоварз бошад, каси дигар не.»

Гуфтанист, дар муҳокимаҳои пешини ин лоиҳа дар парлумони Тоҷикистон ҳеҷ як намоянда аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ширкат наварзид. Ин дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигар, мисли Русияву Қазоқистон, ки ҳамчунон замин метавонад моликияти хусусӣ бошад, қабл аз қабули қонуни марбута назарсанҷиву раъйпурсиҳо миёни мардум доир кардаанд, ба шаҳрвандон моҳияти ташкили ба истилоҳ, «бозори замин» фаҳмонида шуд. Аммо дар Тоҷикистон дар мавриди ин гуна тағйиру иловаҳои тақдирсоз дар қонун, танҳо ҳукумат ва парлумони рӯ ба ҳукумат метавонад тасмим бигирад, на мардум.

Хуҷанд

Ба тасмими парлумони Тоҷикистон барои ворид намудани ислоҳоти кодекси замин дар шимоли кишвар ба ду назар бархурд кардаанд. Гурӯҳе дар устони Суғд бар ин ақида ҳастанд, ки навовариҳо дар кодекси замин ҳуқуқи деҳқононро барои истифодаи замин маҳдуд ва барои ба истилоҳ, забти замини кишоварзон аз сӯйи сохторҳои бонкӣ ва ширкатҳои азими фючерсӣ шароит эҷод мекунад. Аммо гурӯҳе дигар аз коршиносон ва мақомоти Суғд мегӯянд, баръакс, акнун деҳқон метавонад, аз пули фючеристҳои ба истилоҳ, «бевиҷдону фиребгар» сарфи назар намуда ва аз хидмати маблағгузории бонҳои давлатӣ истифода кунанд. Вале оё кишоварзони суғдӣ ба бонкҳо эътимод доранд? Оё чунин нахоҳад шуд, ки мардуми сарватманд ва бонкдорон аз ин навовариҳои кодекси замин бар суди худ суистифода кунанд?

Қӯрғонтеппа

Дар устони Хатлон низ аз ислоҳоти кодекси замин чандон истиқбол намекунанд. Кишоварзони хатлониро қасди ҳукумат ва парлумон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни замин мисле ки ба ваҳм овардааст, чун замин барои онҳо танҳо воситаи даромади зиндагӣ будааст. Бахши аъзами заминҳои кишоварзӣ ва ҳамвори Тоҷикистон дар ҳудудҳои устони Хатлон буда ва пахтаву сабзиҷоту полезӣ ҳам асосан дар ин минтақа парвариш ва истеҳсол мешавад. Аммо, дар ҳамин ҳол, қисми асосии қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ҷамъан аз ним миллиард доллар ҳам афзун шудааст, ба кишоварзони хатлонӣ марбут аст ва эҳтимоли бозпас гирифтан ё ба ихтиёри ширкатҳои сармоягузор ва қарздиҳанда гузаштани замин, дар ҳоли қабули навовариҳои кодекси замин, дар Хатлон бештар мешавад.

Ва хабари дигар аз ҷануби Тоҷикистон ин аст, ки ахиран дар як ҷаласаи ҳукуматӣ дар Қӯрғонтеппа нахуствазири кишвар Оқил Оқилов гуфт, ки аз ин ба баъд хоҷагиҳои кишоварзӣ ба сармоягузорони худ вобаста нахоҳанд буд. Нахуствазир гуфтааст, ки маблағгузории соҳаи кишоварзӣ минбаъд мустақиман тариқи сохторҳои бонкӣ сурат мегирад ва дигар кишоварзон дастнигари фючеристҳо нахоҳанд буд. Гуфтанист, хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон аз рӯйи низоми пешин дар назди сармоягузорони худ 511 миллион доллари амрикоӣ қарздор шудаанд, ки аз ин миён 400 миллион доллараш ба кишоварзони хатлонӣ рост меояд. Ба қавли коршиносон, пахтапарварӣ танҳо дар ҳоле метавонад ба истеҳсолкунанда даромад орад, ки ҳар як ҳектори он беш аз 25 сентнер ҳосил диҳад. Аммо дар соли равон ин нишондиҳанда дар кишвар ба 16,2 сентнер баробар буд. Дар мавсими имсолаи истеҳсоли пахта ба ҷойи 550 тоннаи пешбинишуда, 419 тон чида шудааст.

XS
SM
MD
LG