Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз як паймони муҳим даст кашид


Русия аз имрӯз 12 декабр паймони низомиеро, ки як рукни муҳими амнияти Авоупо маҳсуб мешавад, иҷро намекунад. Паймони нерӯҳои мусаллаҳи маъмулӣ дар Аврупо, ки соли 1990 қабул ва нӯҳ сол баъд бознигариву такмил шуд, истиқрори тонку тӯпҳои вазнин дар қаламравҳои муайяни Аврупоро маҳдуд мекунад. Давлати Русия гуфтааст, ки ба он хотир аз ин паймон хориҷ шуд, ки кишварҳои узви НАТО онро то кунун тасвиб накардаанд. Аммо кишварҳои Паймони Атлантики Шимолӣ мегӯянд, ки Паймони нерӯҳои мусаллаҳи маъмулӣ дар Аврупоро тасвиб карда наметавонанд, зеро Русия бар хилофи муқаррароти он ҳанӯз ҳам нерӯҳояшро дар Гурҷистон ва Молдова нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG