Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳҳои Бонки Уруосиё барои Осиёи Марказӣ


Бонки Уросиёӣ қасд дорад, ки барои иҷрои тарҳҳои ҳидроэнержӣ дар Осиёи Марказӣ ҳудуди 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Дар як баёнияи расмии бонк таъкид мешавад, Бонки Уросиёӣ қасд дорад, то соли 2010 на камтар аз 1 миллиард доллар барои амалисозии барномаҳои энержӣ дар минтақа ихтисос бидиҳад. Дар баёния зикр шудааст, ки барои иҷрои комили тарҳҳои муҳими энержӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари аслии дорои манобеи обӣ ҳадди аққал 10 миллиард доллар лозим аст. Аз ҷумла барои эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии Роғун бештар аз 2 миллиард ва барои сохтмони нерӯгоҳи Даштиҷум ба 3, 5 миллиард доллар сармоя ниёз аст.
XS
SM
MD
LG