Пайвандҳои дастрасӣ

Алқоида масъули ҳамлаҳои хунбор дар Алҷазоир


Ҳалқаи созмони Алқоида дар Африқои Шимолӣ масъулияти ду бомбгузории маргбор дар пойтахти Алҷазоирро ба дӯш гирифт. Дар як сомонаи интернетии марбут ба тундравон акси ду маргталаберо гузоштаанд, ки рӯзи сешанбе, 11 декабр мошинҳои бомбгузоришудаи худро дар наздикии Додгоҳи Қонуни Асосӣ ва қароргоҳҳои ду идораи Созмони Милал дар Алҷазоир мунфаҷир карданд. Вазири умури дохилаи Алҷазоир гуфт, ки дар ин амали терористӣ 26 нафар ҳалок ва 170 нафар захмӣ шуданд. Аммо ба гуфтаи мақомоти бемористонҳо бар асари бомбгузориҳо, 62 нафар ҷон доданд. Сухангӯи Созмони Милал гуфт, дасти кам панҷ корманди ду идораи созмони милал кушта шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG