Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ироқ панҷ нафар ҷони худро аз даст доданд


Полиси Ироқ гуфт, ки таркиши маргаталабе дар дохили мошин дафтари нахуствазир Аёд Алавиро ҳадаф қарор дод. Дар пайи ин ҳодиса ду муҳофиз кушта шуданд. Худи Алавӣ дар ҳангоми таркиш дар дафтар набуд. Дар як таркиши дигар шаби душанбе дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳона ба полис дар Бағдод се ходими полис ба ҳалокат расиданд. Ва низомиёни амрикойӣ гуфтанд, ки дар натиҷаи як таркиши мошини ҳомили бомба дар шимоли Ироқ як сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG