Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ аз сарнавишти хабарнигори озарӣ нигарон аст


Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз сарнавишти хабарнигори бахши озарӣ Илғор Насибов шадидан нигарон аст. Дирӯз додгоҳ ӯро аз иттиҳомоти пешина сафед карда аз зиндон раҳо кард, аммо акнун вайро дар гуноҳҳои тоза айбдор мекунанд. Дар сурати гунаҳгор дониста шудани Насибов, ӯ метавонад то як соли шартӣ ба зиндон андохта шавад. Раҳбари радиои Озодӣ Ҷеф Гедмин гуфт, ки дар шароити феълӣ Насибовро чун шахси озод ё раҳошуда арзёбӣ кардан нодуруст мебошад.
XS
SM
MD
LG