Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишастҳои хабарӣ ё нишастҳои иҷборӣ?


Масъулони дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле аз зарурати нишастҳои хабарии мақомоти давлатӣ сӯҳбат мекунанд, ки раҳбарияти кумитаи амният, вазорати дифоъ ва худи раисҷумҳур Раҳмон бо хабарнигорон рӯбарӯ намешаванд.

Дар ин нишастҳои хабарии нақшарезишуда дар чанд моҳи ахир ҳатто кам вазирон назди журналистҳо меоянд. Муъовинон ва сардори раёсатҳо ба суолҳои хабарнигорон бо ин баҳона, ки ин суол ба салоҳияти онҳо нест, аз ҷавоб додан худдорӣ меварзанд. Ин нуктаҳоро дар як семинар дар шаҳри Душанбе журналистҳо таъкид карданд ва онро як навъ маҳдудият ба озодии сухан ва баён донистанд.

Аммо Саидалӣ Сиддиқов, масъули бахши иттилоъ ва таҳлилии дастгоҳи президенти Тоҷикистон, гуфт, мақомоти расмии кишвар алоқаманд аст, ки бо расонаҳои хабарӣ равобити зичу мустаҳкам барқарор кунад. Ин масъули дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон баргузории нишастҳои хабарии раҳбарони вазоратхонаҳо ва кумитаҳои давлатиро дар арзи тақрибан 3 соли ахир яке аз авомили қавӣ гардидани равобит миёни мақомот ва рӯзноманигорон донист.

Вале Ирода Ҳусейнова, коршиноси Маркази журналистикаи изтирории шаҳри Маскав, баргузории чунин нишастҳои хабариро ҳисоботи ниҳодҳои расмӣ ва ё нишасти иҷбории идораҳои давлатӣ унвон кард. Вай гуфт, ки чунин нишастҳо ба рӯзноманигорон имкон намедиҳад, ки бо вазир ва ё раҳбари ин ё он идораи давлатӣ дар дилхоҳ вақт сӯҳбат бикунанд. Ба итминони Ирода Ҳусейнова, иртиботи мақомот бо ҷомеъа, бахусус, расонаҳо устувор набудааст. Вай гуфт, мақомоти расмӣ аксаран аз расонаҳои давлатӣ, ки таърифу тавсифи корномаҳои масъулин мепардозанд, пуштибонӣ карда, нашрияҳои интиқодгари фаъолияти мақомотро гӯиё душмани худ эълом кардаанд.

Ба қавли Ирода Ҳусейнова, «иртиботи мақомоти давлатӣ бо расонаҳо ва ё баръакс, дастрасии расонаҳо ба иттилоъоти расмӣ мушкили танҳо Тоҷикистон нест. Аммо фикр мекунам, нишастҳои хабарӣ дар ин ҷо ҳамчун нақшаи корӣ иҷро мешаванд, на барои сӯҳбати ошкоро ва додану гирифтани иттилоъ. Агар баъзе идораҳо чизе ҳам барои гуфтан надоранд, ночор нишасти матбуотӣ доир мекунанд. Ҳатто чунин ҳодисаҳое ҳам шудааст, ки барои суол додан ба хабарнигорони расонаҳои сиёсӣ имкон намедиҳанд. Ҳамаи суолҳоро қаблан омода мекунанд ва ба он посух мегӯянд. Ҳама аз он шикоят мекунанд, ки ҳамкории миёни мақомот ва марказҳои матбуотии он бо расонаҳо чандон дуруст ба роҳ монда нашудааст».

Дар ҳамин ҳол, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ дастрасӣ ба иттилоъот, бахусус, иттилоъоти расмиро мушкили умдаи расонаҳои хабарии Тоҷикистон арзёбӣ мекунад. Коршиносон мегӯянд, ба ин тартиб равобити мақомоти давлатӣ бо аҳли ҷомеъаи Тоҷикистон дар қиёс бо чунин иртиботи давлатҳои Қирғизистон ва Қазоқистон бо аҳли матбуот ночиз аст. Яъне, ба қавли таҳлилгарон феълан ҳукумат дар дасти гурӯҳе қарор дорад, ки аксаран аз як маҳал буда, асрори ҳукуматдории худро ошкор кардан намехоҳанд.

XS
SM
MD
LG