Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон қазияи Косовро дар додгоҳ диданист


Сербистон гуфт, ки аз Шӯрои амнияти СММ дархост хоҳад кард, ки дар масъалаи эъломи эҳтимолии истиқлолияти Косово аз додгоҳи байналмилалии адолат дар Ҳейг кӯмак хоҳад хост. Президент Борис Тадич бо чунин изҳорот рӯзи душанбе дар телевизиони маҳаллӣ суханронӣ кард. Дар ҳамин ҳол, сухангӯи раҳбари албанитаборҳои Косово дар Приштина ба хабарнигорон гуфт, ки онҳо на дертар аз моҳи апрели соли оянда эъломи истиқлолият хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG