Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай гуфт кӯмаки байналмилалӣ зарур аст


Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, ки артиши кишвараш ҳанӯз ба кӯмаки байналмилалӣ ниёз дорад. Изҳороти вай дар ҳоле садо дод, ки рӯзи душанбе артиши Афғонистон ҳамроҳ бо нирӯҳои кӯмаки байналмилалии таҳти раҳбарии НАТО шаҳри Мӯсо Қалъа - як нуқтаи муҳимеро дар ҷануби кишвар аз контроли Толибон бозпас гирифтанд. Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, ки аз Афғонистон дидан мекард, гуфт, пирӯзӣ дар Мӯсо Қалъа, танҳо маҳалли муҳиме, ки таҳти контроли Толибон қарор дошт, барои Афғонистон паёмадҳои дарозмуддати мусбат ба бор хоҳад овард.
XS
SM
MD
LG