Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳ нисбати як ҳизби Қирғизистон


Додгоҳе дар Қирғизистон ба ҳизби мухолифи сотсиал-демократ амр додааст, ки ҳудудан 590 ҳазор доллар ба Комиссиюни интихоботӣ пардохт кунад, то ки хароҷоти ин камиссиюн барои нашри дубораи варақаҳои раъйдиҳӣ бозпас дода шавад. Оғози ин моҳ Одил Байсалов, яке аз аъзои фаъоли ин ҳизб дар саҳифаи интернетии худ акси баргаи раъйдиҳиро дар интихоботи рӯзи 16 декабр ба чоп расонид. Камиссиюни интихоботӣ дар натиҷа ҳама баргаҳои раъдиҳиро бекор карда ба нашри шакли нави варақаҳо амр дод. Омурбек Бабанов, яке аз раҳбарони ҳизби сотсиал-демократ дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки ҳизб ҳукми Камиссиюнро дар додгоҳ бознигарӣ мекунад ва таъйид кард, ки дар интихобот иштирок хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG