Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои интихоботи Тимошенко 1 овоз нарасид


Парлумони Украина имрӯз барои интихоби Юлия Тимошенко ба мақоми нахуствазирии кишвар раъй дод. Аммо барои интихоби вай ба ин мақом танҳо як овоз кофӣ набуд - аз 450 узви парлумон 225 нафар, яъне як нафар кам барои ташкили аксарияти овозҳо раъй доданд. Пуштибонони Тимошенко пазируфта нашудани ӯро ба ин мақом як иллати техникии системаи овоздиҳӣ арзёбӣ карданд ва раҳбари маҷлис Арсений Ятсенюк ба раъйдиҳии дигарбора дар масъалаи номзадии Тимошенко даъват кард. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки кадом вақт овоздиҳии дигарбора баргузор мешавад. Тимошенко соли 2005 аз вазифаи нахуствазирӣ ба сабаби ихтилофи назарҳо дар дохили эътъилофи норанҷӣ сабукдӯш шудааст. Аммо ҳоло онҳо дубора ба ҳам омада шумори зарурии курсиҳоро дар парулмон ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG