Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси эътилофи иҷтимоии зидди фасод дар Тоҷикистон - мавзуъи аслии як ҳамоиши байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе буд, ки бо иштироки мақомоти интизомии кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ сурат гирифт.

Иштирокдорони ҳамоиши мазкур, ки бо пуштибонии молии Барномаи рушди СММ баргузор шуд, зарурати таъсиси эътилофи иҷтимоии зидди фасодро дар Тоҷикистон ба баррасӣ гирифта, сари ин нукта баҳс карданд, ки оё агар чунин як эътилоф таъсис ёбад, то куҷо он дар як кишвари фасодзадае мисли Тоҷикистон метавонад муваффақ гардад?

Бархе аз иштирокдорон, хусусан намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо корупсия, гуфтанд, таъсиси чунин як эътилоф метавонад дар роҳи ҷилавгирӣ аз фасод нақши муассиру созандае дошта бошад. Акбар Абдуллоев, корманди масъули Оҷонсии давлатии назорати молӣ ва мубориза бо корупсия, гуфт, мо дар якҷоягӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ ба чунин як хулоса омадем, ки то як эътилофи иҷтимоӣ таъсис надиҳем, ба муқобили ин падидаи номатлуб муборизаи шадид бурда намешавад.

Дар ҳамоиши мазкур инчунин намояндагони сохторҳои мубориза бо фасоди чанде аз мамолики аврупоӣ ва кишварҳои каронаи Балтик ширкат карданд ва таҷриба ва аз гомҳои худ дар роҳи мубориза бо фасод ба ҳамтоёни тоҷики худ қисса карданд. Ва аммо таҷрибаи кишварҳое, ки дар амри мубориза бо фасод мувафақ шудаанд, нишон медиҳад, ки бидуни матбуоти озод ва озодии сухан ва фаъолияти шаффофи идораҳои давлатӣ намешавад алайҳи корупсия ҷангид.

Аммо таҳлилгарони байнулмилалӣ чунин иброз доштанд, ки дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки то ҳадде матбуот хомуш аст ва зери фишори ҳукумат қарор дорад, ва зиндагии мардум зери хатти фақр қарор дорад, гузашта аз ин дар самти мубориза бо корупсия шаффофият вуҷуд надорад, бо таъсиси чунин эътилоф наметавон аз фасоди моливу идорӣ ҷилавгирӣ кард.

Алиризои Кирмонӣ, рӯзноманигор ва коршиноси байнулмилалӣ, дар ин робита ба радиои Озодӣ гуфт, як нуктае, ки дар кишварҳои пешрафта ва модерн муҳим аст, ин аст, ки назорати расонаҳои мустақил, назорати қувваи қазоии мустақил бисёр зиёд аст. На ин ки, масалан, дар Амрико фасод нест. Он ҷо ҳам мумкин нест. На ин ки дар Фаронса нест, дар Аврупо нест. Ҳатто оқои Жак Ширакро дастгоҳи қазоии Фаронса эҳзор кардааст. Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки дар кишварҳои пешрафта дастгоҳи қазоии мустақил аст, расонаҳои мустақил вуҷуд доранд ва ҳамаи масоилро зери заррабин мегиранд. Он ҷо зуд ифшо мешавад ва мубориза мешавад. Аммо дар кишварҳои ақибмонда ва пасрафта чун қувваи қазоии мустақил нест, чун расонаҳо озодӣ надоранд ва хабарнигорҳо зери фишоранд, мубориза бисёр мушкилтар аст.

Ба ин тартиб созмонҳои байнумилалӣ ва намояндагони идораҳои зидахли давлати Тоҷикистон рӯзи чоршанбе низ ба ин баҳси худ идома хоҳанд дод, ки дар Тоҷикистон чунин як эътилофи мубориза бо фасодро таъсис диҳанд ё на?

XS
SM
MD
LG