Пайвандҳои дастрасӣ

62 кушта дар таркишҳои Алҷазоир


Шумори қурбониҳои ду таркиш дар пойтахти Алҷазоир ба 62 нафар расид. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли Язид Зарҳунӣ, вазири умури дохилаи ин кишвар навиштааст, ки ҳадди аққал як таркиш бо дасти маргталабе анҷом шудааст. Яке аз таркишҳо дар дохили автобусе рух дод, ки дар беруни сохтмони додгоҳи олии ин кишвар қарор дошт. Таркиши дуюм дафтари СММ дар умури паноҳандагонро дар Алҷазоир ҳадаф қарор додааст. Ин сохтмон дар маҳалли маскунӣ ҷой гирифтааст. Сухангӯи СММ гуфт, ки дасти кам 10 корманди ин ниҳод дар натиҷаи таркиш ба ҳалокат расида 12 нафар нопадид шудаанд. ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо таркишҳои имрӯзаро дафъатан маҳкум каданд. То ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин таркишҳоро ба гардан нагирифтааст, аммо дар гузашта ҳодисаҳои таркишҳои ҳамсонро гурӯҳҳи Ал Қоида анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG