Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон сармоягузорӣ мешавад


Раиси бахши сиёсати иқтисодӣ ва пешбинии вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Сафар Маҳмадиев гуфт, бонкҳои Тоҷикистон аз рӯзи 15 декабри соли ҷорӣ ба сармоягузории соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ оғоз хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, тамоми бонкҳои кишвар дар ин сармоягузорӣ ширкат карда, ба хоҷагиҳои кишоварз қарзҳо хоҳанд дод. Вай афзуд, хоҷагиҳои кишоварз метавонанд барои гирифтани чунин қарзҳо шаҳодатномаи замини худро ҳамчун гарав истифода кунанд.

Ба қавли Сафар Маҳмадиев, аз ин ба баъд ширкатҳои фючерӣ низ танҳо тавассути бонкҳо дар соҳаи кишоварзӣ сармоягузорӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG