Пайвандҳои дастрасӣ

Довари маъруфи гуштӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон меҳмони маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» мебошад. Вай, ки ахиран муовини сардовари мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Проги Ҷумҳурии Чех буд, беҳтарин довар эътироф гардида, бо медал ва диплом мукофотонида шуд.

Маҳмуди Абдуллоҳ 20-уми декабри соли 1964 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Устоди варзиш ва мураббии шоистаи Тоҷикистон, довари дараҷаи байнулмилалист. Ӯ зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ, аз ҷумла, гуфт:

«Ман аз соли 1992 ба ҳайси довар дар мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат меварзам ва баъди як сол соҳиби унвони довари дараҷаи байнулмилалӣ гардидаам. Соли 2004 раиси комиссиюни доварони Федеросиюни гуштии самбои Осиё интихоб шудам ва то имрӯз ин вазифаро ба ӯҳда дорам.

Довар дар варзиш, аз ҷумла, дар гуштӣ нақши муҳим мебозад, зеро аз ҳукми ӯ натиҷаи сабқати варзишгарон бастагӣ дорад. Бинобар ин довар бояд бикӯшад, ки ҳукми одилона барорад, вагарна хатоҳои ӯ боиси норозигӣ ва эътирози варзишгарону мураббиён ва тамошогарон мегардад…»

XS
SM
MD
LG