Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони бинои таркида мегӯянд, дар калисо хоб мераванд, ҳукумат ёрӣ намедиҳад, духтурон аз маҷруҳон пул талаб кардаанд, онҳо «Тоҷикгаз»-ро ба додгоҳ мекашанд

420 тан аз сокинони кӯчаи Неъмат Қаробоев, хонаи 15, ки рӯзи ҷумъаи 7 декабр бар асари инфиҷори лӯлаи гази табиӣ бе хонаву дар мондаанд, беш аз 5 рӯз аст, ки дар бадтарин шароит ба сар мебаранд.

Сокинони бинои инфиҷордида мегӯянд, қисмате аз онҳоро масеҳиёни куништи куриёвии Сонмин зери бол гирифтаанд ва 4 оила ҳамакнун дар калисо ба сар мебарад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилоъи Ҳошим Қудбиддинов, сокини ҳамин бино, ки воқеан дар калисои католикӣ намози мусалмонӣ мегузорад, ягон тан аз масъулини масоҷиди исломӣ, ки дар наздики ҳамин бинои офатрасида қарор доранд, ба кӯмаки онҳо наомадааст.

Алихон Шонкиев – раиси бинои мазбур меафзояд, то ҳанӯз аз ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ масъуле дари хонаи онҳоро накӯфтааст ва кӯмаке пешниҳод накардааст. Алихон афзуд, садҳо нафар аз сокинони бино дар чанд ҳуҷраи қисман зарардида ва бедару тирезаи ҳамин бино рӯиҳам хобанд.

Назарбегим Бозорбекова, сокини дигари ин бино мегӯяд, дар мавриде, ки пулис ва масъулини ҳукумат ба ин бино намеоянд, гурӯҳи дуздон, шабҳо ба хонаҳои валангор ҳуҷум карда, охирон шикастапораҳои биноро мерабоянд.

«Вақте ки ба мо гуфтанд, ки хонаҳоро худатон созед, бовар кунед, ман фикр кардам, ки раиси ҳукумат тире бар дили ман зад! Маро ҳиссиёте фаро гирифт, ки ман ватану давлату ҳукумат надоштаам, ман худро дар пиронсолӣ ятими бекасу кӯй дидам»

Вале азоби алимтаре 5 тан аз атфоли маҷрӯҳ доштаанд, ки ҳамакнун дар ҳолати сангин дар бемористони Қарияи Боло бистарианд ва духтурон ба онҳо кӯмаки бе пул намекунанд. Гул Бодомова, модари ду тан аз кӯдакони маҷрӯҳ мегӯяд, ягон доруву дармони бепул ба кӯдакон намедиҳанд ва ҳамаи доруворро аз ҳисоби худаш харидорӣ мекунад.

Ягона кӯмаки молиро ба атфол худи сокинони бинои офатзада мерасонанд, ки ба гуфти Алихон Шонкиев - раиси бино ҳамарӯза то 50 доллари амрикоӣ баробар ба 170 сомонӣ ҷамъ кардаву тавассути волидайни атфол ба духтурон медиҳанд, то ба маризон кӯмак кунанд. Аз сӯи дигар, ҳамсинфони атфол охирон дирамҳои барои як бурида нон додаи волидайнро ҷамъ кардаву ба модари атфоли маҷрӯҳ 100 сомонӣ додаанд.

Ва аммо ҳукумат чӣ? Ҳукумати маҳаллӣ, ба иттилоъи шоҳидон, танҳо ба хотири рупӯш кардани фоҷиъаи мазбур атрофи биноро бо плостик печидааст, то ба чашми раҳгузарон нанамояд. Бо плостике, ки дар он бо ҳарфҳои бузург навишта шудааст: «Истиқлолияти Тоҷикистон поянда бод!» ва «Шукри истиқлолияти Ватан!».


Аксҳо аз маҳалли таркиш

Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони бинои офатрасида мегӯянд, масъулин аз тармими бино комилан даст бардоштаанд. Мизробова Зулфия, як сокини солхӯрдаи ҳамин бино мегӯяд, бештар аз азоби бехонавударӣ азияти ятимиро дар тӯли ин 5 рӯзи ахир кашидааст. Ӯ мегӯяд, ҳамакнун эҳсос кардааст, ки ватан ва ҳукумате, ки онро дар тӯли 70 сол модару падари хеш мехонд, дар асл вуҷуд надоштааст:

«Вақте ки ба мо гуфтанд, ки хонаҳоро худатон созед, бовар кунед, ман фикр кардам, ки раиси ҳукумат тире бар дили ман зад! Маро ҳиссиёте фаро гирифт, ки ман ватану давлату ҳукумат надоштаам, ман худро дар пиронсолӣ ятими бекасу кӯй дидам»

Ширкати «Тоҷикгаз» гунаҳкори ин фоҷиъа аст ва он бояд барои ин инфиҷор ҷавоб гӯяд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони бинои инфиҷордида тасмим гирифтаанд, ахиран, Ширкати «ТоҷикГаз»-ро, ки сабабгори аслии ҳамин фоҷиъа будааст, ба додгоҳ кашанд. Танзила Мавлонова, сокини бинои офатрасида:

«Ширкати «Тоҷикгаз» гунаҳкори ин фоҷиъа аст ва он бояд барои ин инфиҷор ҷавоб гӯяд. Зеро шурӯъ аз мавсими замистони соли гузашта, газ дар бинои мо набуд, ва гази табииро бе огоҳии қаблии сокинон ба бино интиқол додаанд ва дар натиҷа бино хароб шудааст»

Бинои мазбур ба гурӯҳи биноҳои маъруфтар бар «хрушевка» шомил аст, ки дар солҳои 60 асри пор сохта шудааст ва усулан дар ин гуна хонаҳо танҳо камбизоатон ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG