Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳайъати калон аз Тоҷикистон дар нахустин давраи омӯзишии муштарак дар мавзӯъи рушди имконоти электронии соҳаи саноати кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯзҳои 13-14 феврал дар шаҳри Бишкек ширкат меварзад. Намояндаҳои як қатор вазорат ва ниҳодҳои давлатӣ, Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) ва бахши хусусӣ шомили ин ҳайъат будаанд.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, давраи мазкур ба хотири боло бурдани имконоти ширкатҳо дар бозори интернетӣ ва тақвияти рақобатпазирии онон дар сатҳи байнулмилал доир мешавад. Ба қавли ҷаноби Камолов, ҳадафи аслӣ аз ин давра – шиносоӣ бо таҷрибаи байнулмилалӣ ва фанновариҳои муосири соҳа, интихоби токтик ва стротежии бунёди низоми тиҷорати электронӣ бар асоси меъёр ва қавоиди байнулмилалӣ ва муттаҳид гардонидани талошҳо дар рушди тиҷорати электронӣ мебошад.

Ширкатдорони давра роҳҳои рушди тиҷорати электронӣ дар Қирғизистону Тоҷикистон ва тариқаҳои амалӣ гардонидани онро матраҳ мекардаанд. Ба давраи мазкур, ҳамчунин, мутахассисони соҳа аз Аврупо, Эрон ва Ҳиндустон даъват шуда будаанд.

Тирамоҳи имсол дар Тоҷикистон як тарҳи нави Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) ҷиҳати рушди тиҷорати электронӣ ба кори худ шурӯъ кард. Асомуддин Атоев, масъули ин тарҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, мақсади аслии он фароҳам овардани шароит барои тақвият ва рушди рақобатпазирии содиротии корхонаҳои машғул ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Ҷаноби Атоев гуфт, дар чаҳорчӯбаи ин тарҳ ба корхонаҳо дар мавриди боз кардани сомонаҳои интернетӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои муҳимми электронӣ мусоидат хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG