Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия 21 фарванд ҳавопаймои Airbus мехарад


Давлати Либия имрӯз эълом кард, ки аз ширкати аврупоии Эйрбас 21 ҳавопаймои нав хоҳад харид. Ин эъломияи Либия ҳангоми сафари раҳбари Муаммар Қаззофӣ ба шаҳри Порис садо дод.
Ҳарчанд доир ба арзиши қарордоди мазкур чизе гуфта нашудааст, аммо пештар аз вуруди Муаммар Қаззофӣ ба пойтахти Фаронса Николя Саркозӣ раиси ҷумҳури ин кишвар гуфт, ки бо давлати Либия қарордодҳое бо арзиши тақрибан 15 миллиард доллар имзо хоҳад кард.
Николя Саркозӣ ҳамчунин гуфт, ки аз раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ хостааст, то вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро беҳбуд бахшад. Сафари Муаммар Қаззофӣ хашми ҳомиёни ҳуқуқ дар Фаронсаро барангехт, чун онҳо мегӯянд, ки дар ватани Қаззофӣ пайвастаи ҳуқуқи инсонҳоро зери по мекунанд.
XS
SM
MD
LG