Пайвандҳои дастрасӣ

Сербистон ба додгоҳи СММ шикоят мекунад


Сербистон аз Додгоҳи Байналмилалии Адолат хоҳад хост, дар сурати худро мустақил эълом кардани Косово ва эътироф шудани истиқлоли он аз тарафи кишварҳои ғарбӣ доир ба қонунӣ будани ин амр ҳукм кунад.
Раиси ҷумҳури Сербистон Борис Тадич рӯзи душанбе гуфт, дастур додааст, то дар сурати худро мустақил эълом кардани Косово дар моҳи оянда давлат билофосила аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал бихоҳад, ки таввасути Додгоҳи Байналмилалии Адолат масъалаи то чӣ ҳад қонунӣ будани ин иқдомро баррасӣ кунад.
Пештар аз ин Хавиер Солана сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки кишварҳои ин созмон дар робита ба мақоми ояндаи Косово ба тавофуқи назар наздик шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва Амрико баъди чаҳор моҳи музокирот натавонистанд, доир ба сарнавишти ояндаи минтақаи Косово ба созиш бирасанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG