Пайвандҳои дастрасӣ

"2 ҳафта баъд назорати Басра ба ироқиҳо мегузарад"


Нахуствазири Бритониё Гордон Браун имрӯз гуфт, ки дар ду ҳафтаи дигар нирӯҳои ироқӣ масъулияти раҳбарӣ ва назорат аз амалиёти амниятии минтақаи ҷанубии Басраро дар Ироқ аз дасти нирӯҳои бритониёйӣ ба дасти худ хоҳанд гирифт. Изҳороти Браун дар ҷараёни сафари ногаҳонии вай ба Басра садо дод. Баъди чанд соат вай ба Афғонистон парвоз кард. Нирӯҳои Бритониё ният доранд дар Басра машғули тамрину омӯзиши артиши ироқӣ шаванд. Бритониё нақша дорад, ки то баҳори 2008 шумори нирӯҳояшро дар Ироқ аз чоруним ҳазор нафар то дую ним ҳазор нафар коҳиш диҳад.

XS
SM
MD
LG