Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Путин аз Медведев


Раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин имрӯз аз номзадии муовини аввали нахуствазири кишвар Дмитрий Медведев ба мақоми раёсатҷумҳурӣ пуштибонӣ кард. Баъди он ки чаҳор ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла "Русияи воҳид" номзадии Медведевро барои ширкат дар интихоботи рӯзи 2 марти соли 2008 пешбарӣ карданд, гуфт, ки аз номзадии Медведев "пурра" пуштибонӣ мекунад. Вай гуфт, ки ӯро 17 сол мешиносад ва онҳо тамоми ин солҳо аз наздик кор кардаанд. Медведев 42 сол дошта дар солҳои 2003 то 2005 чун раиси ситоди Кремлин кор кардааст. Баъдан ӯ ба вазифаи муовини нахуствазири кишвар барои иҷрои барномаҳои иҷтимойии президент таъйин мешавад. Вай инчунин раиси ширкати Газпроми ин кишвар аст, ки таҳти назари давлат қарор дорад. Изҳороти имрӯзаи Путин баъди моҳҳо ҳадсу гумонзаниҳо дар дохилу хориҷи Русия пахш шуд, ки оё аз миёни ду муовини сарвазири кишвараш - Дмитрий Медведев ё Сергей Иванов - номзадии кадоме аз онҳоро ниҳоятан пуштибонӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG