Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин номзадии Медведевро ҷонибдорӣ кард


Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва муъовини сарвазири Русия Дмитрий Медведев
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва муъовини сарвазири Русия Дмитрий Медведев

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳодшавии номзадии муъовини сарвазири ин кишвар Дмитрий Медведев ба мақоми раисҷумҳурро ҷонибдорӣ кард.

Тибқи иттилоъи хабаргузориҳои Русия, номаздии муъовини сарвазири Русия Дмитрий Медведев аз сӯи ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» ва ҳамчунин ҳизбҳои ростгарои «Русияи одил», Ҳизби аграрӣ ва «Нерӯи шаҳрвандӣ» дар якҷоягӣ пешниҳод шудааст.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳини мулоқот бо раёсати ин ҳизбҳо рӯзи 10 декабр гуфт, бо ин пешниҳод комилан мувофиқ ҳастам. Вай иброз дошт, ки бо Медведев беш аз 17 сол ҳамкорӣ кардааст ва ӯро хуб медонад. В. Путин афзуд, интихоби Медведев барои идома додани самти сиёсати мо мувофиқат мекунад.

Ҳамзамон бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки бо чунин изҳори назари Владимир Путин масъалае, ки ахиран дар Русия сари он тахминзаниҳову баҳсҳои зиёд мерафт, яъне масъалаи он, ки кӣ ҷойгузини Путин хоҳад шуд, равшан гардид.

XS
SM
MD
LG