Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби Созмони Милал аз давлати Ироқ


Созмони Милали Муттаҳид рӯзи якшанбе, 9 январ аз давлати Ироқ хост, то соли оянда Конвенсиюни Созмони Милал алайҳи шиканҷаро тасвиб кунад. Намояндаи олирутбаи Созмони Милал Стефан Де Мистура зимни боздид аз Бағдод гуфт, тасвиби қатъномаи мазкур нишон хоҳад дод, ки кишварҳои демократӣ метавонанд, бо тероризм мубориза карда ва ҳамзамон ҳуқуқи инсонро риоят намоянд. Созмони Милал мегӯяд, азобу шиканҷаи маҳбусон ва бадрафторӣ бо онҳо дар маҳбасҳои таҳти назорати ҳукумати Ироқ ҳамчунон як мояи амиқи нигаронӣ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG