Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистону Руминия созишнома имзо карданд


Вазорати умури хориҷа мегӯяд, Тоҷикистону Руминия охири ҳафтаи гузашта доир ба парҳез аз молиётситонии дуҷониба ва саркашӣ аз пардохти молиёт созишнома имзо кардаанд. Бар асоси иттилоъи расмии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин созишномаро муовини вазири молия Шералӣ Сафаров ва муовини вазири иқтисод ва молияи Руминия Йоан Дойка ба имзо расонидаанд. Тоҷикистону Руминия миёни ҳам додугирифти иқтисодии чандоне надоранд.
XS
SM
MD
LG