Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аризаи рақиби Михайил Саакашвилиро пазируфтанд


Кумиссиёни марказии интихоботи Гурҷистон гуфт, аризаи номзадии тоҷири сарватманд Бадрӣ Патаркатсишвилӣ ба мақоми раиси ҷумҳурро пазируфтааст. Интизор меравад, ки ин номзади мухолиф ба Михайил Саакашвилӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури моҳи январ бо ӯ рақобат кунад. Аркадӣ Патаркатсишвилӣ, ки сарватмандтарин фарди Гурҷистон аст, ҳамроҳ бо сарватманди амрикоӣ Руперт Мардок аксари саҳмияҳои телевизиони тарафдори мухолифин Имедиро дар ихтиёр дорад.
XS
SM
MD
LG