Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркманистону Тоҷикистон равуоро эҳё мекунанд


Туркманистону Тоҷикистон рафтуомади ҳавоиву заминиро барқарор намуда, ширкатҳои муштарак ташкил хоҳанд кард. Дафтари матбуотии президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гузориш медиҳад, ки дар поёни рӯзи аввали зиёрати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Туркманистон созиши пешгирӣ аз андозбандии дутарафа ва чанд санади дигар ба имзо расид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Туркманистон дар расми ифтитоҳи Маркази ҷилавгирӣ аз низоъҳо ва ҳамкории байналмилалии СММ ва конфронси бахшида ба ин ҳодиса ширкат меварзад.
Рӯзи 11 декабр раҳбари Тоҷикистон аз бандари Туркманбошӣ зиёрат намуда, бо фаъолияти минтақаи сайёҳии он ҷо ва корхонаҳои коркарди маводи сӯхт ошно мешавад.
XS
SM
MD
LG