Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии эътирозии донишҷӯён дар Теҳрон


Хабаргузориҳои эронӣ иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз садҳо донишҷӯи эронӣ дар назди Донишгоҳи Теҳрон гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил намуданд, Тибқи гузоришҳо донишҷӯён дарвозаи донишгоҳро шикастанд, то имкони вуруди мардум ба ҳавлии донишгоҳ пайдо шавад.
Хабаргузориҳо навиштаанд, ки донишҷӯён ҳамзамон бо замзамаи шиорҳои зидди президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод шиорҳо бо тақозои раҳоии се донишҷӯи дар моҳи май боздоштшударо боло бардошта буданд. Ин дуюмин раҳпаймоии донишҷӯён дар ҳафтаи равон аст. Рӯзи сешанбе даҳҳо донишҷӯй ҳамин гуна эътироз ташкил барпо карда буданд.
XS
SM
MD
LG