Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сёмин ба Динамо Киев ва Раҳимов ба Локомотив


Собиқ сармураббии дастаи футболи Помири Душанбе ва Локомотиви Маскав Юрий Сёмин сармураббии дастаи маъруфи Динамои Киев таъйин шудааст.
Баъди ҳунарнамоии бемуваффақияти Динамои Киев дар Дигаи қаҳрамонони Аврупо ва мусобиқаи дохилии Украина сармураббии он Олег Лужний барканор шуд. Сёмини 60-сола 12 декабр Динаморо ба қуваозмоии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо бар зидди дастаи футболи Спортинги Лисабон омода хоҳад кард. Ҳафтаи равон маъмурияти Локомотиви Маскав яке аз шогирдони тоҷикистонии Сёмин Рашид Раҳимовро сармураббии Локомотив таъйин карда буд.
XS
SM
MD
LG