Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркманистон интихобот оғоз ёфт


Имрӯз раъйдиҳандагони туркман вакилони ниҳоди қонунгузори ин кишвар: Халқ Маслиҳатӣ ё худ Шӯрои мардумиро интихоб мекунанд. Матбуоти маҳалии Туркманистон гузориш медиҳад, ки тақрибан ҳамаи довталабҳои 2500 курсии Халқ Маслиҳатӣ аъзои ягона гурӯҳи сиёсии ин кишвар ҳизби демократии Туркманистон ва ҳамчунон созмонҳои ҷамъиятии ин кишвар ҳастанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ки соатҳои аввали интихобот раъйдиҳандагон фаъол набуданд. Ӯ ҳамчунин меафзояд, ки дар баъзе ҳавзаҳои интихоботӣ як нафар имкон дошт ба ҷои тамоми аъзои оилааш овоз диҳад. Интихоботи Туркманистонро нозирони хориҷӣ муроқибат намекунанд.
Дар сӯҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ аксари раъйдиҳандгони туркман гуфтаанд, ки аз ҳайъати нави Халқ Маслиҳатӣ интизориҳои зиёд надоранд, вале тавре президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ваъда додааст, ин иқдом метавонад қадаме дар роҳи ислоҳоти демократӣ бошад.
XS
SM
MD
LG