Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон ба Туркманистон меравад


Имрӯз сафари серӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон оғоз меёбад.
Ибтидо раҳбари Тоҷикистон дар пойтахти Туркманистон дар маросими ифтитоҳи Маркази ҷилавгирӣ аз низоъҳо ва ҳамкории байналмилалии СММ иштирок мекунад.
Рӯзи якшанбе мулоқоти рӯ ба рӯи раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов низ барпо хоҳад шуд. Тахмин мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар як идда санадҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷории миёни ду кишвар ба имзо мерасад.
Зимистони имсол Туркманистон тавассути Узбакистон ба Тоҷикистон 1 миллиард киловат-соат нерӯи барқ содир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG