Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солана бовар дорад, ки Косово ором хоҳад буд


Тарҳрези сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана мегӯяд, ӯ интизор дорад, ки баъди рӯзи душанбе, яъне хатми мӯҳлати музокироти сарнавишти Косово, боз ҳам ин вилояти ҷудоихоҳи Сербия ором хоҳад буд. Дар сӯҳбат бо рӯзномани олмонии "Велт ам Зонтаг" Солана гуфт, ӯ бовар дорад, ки на ақаллияти серб ва на аксарияти албанитабори Косово даст ба хушунат намезананд.
Миёнаравҳои байналмилалӣ баъди музокироти чормоҳа изҳор намуданд, ки Приштина ва Белград дар мавриди истиқлоли Косово назари мухталиф доранд.
Рӯзи шанбе сарвазири Сербия Войислав Коштунитса даъват кард, ки пешниҳоди Русия дар мавриди идомаи музокирот дастгирӣ шавад.
Олмон, Фаронса, Британия ва Италия мухолифи тамдиди музокирот мебошанд. Чор кишвари аврупоӣ дар изҳорот навиштаанд, миёнаравии ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва Русия ба натиҷаи дилхоҳ нарасид.
Дипломатҳо мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки дар моҳи январ Косово худро соҳибистиқлол эълон кунад ва кишварҳои ғарбӣ онро бипазиранд.
XS
SM
MD
LG