Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири британиявӣ ба Ҳирот меравад


Имрӯз пеш аз сафар ба шаҳри Ҳироти Афғонистон Вазири мудофиаи Британия Дес Браун дар пойтахти ин кишвар: Кобул бо мақомоти афғон дидору гуфтугӯ дошт. Музокирот дар ҳоле доир шуд, ки эътилофи байналмилалӣ дар ҳамроҳӣ бо артиши Афғонистон амалиёт бар зидди Толибонро пеш мебарад. Ҳадаф аз амалиёт, ки рӯзи ҷумъа оғоз ёфтааст, ихроҷ намудани Толибони силоҳбадаст аз шаҳри ҷанубии Мусоқалъаи вилояти Ҳилманд мебошад. То кунун дар ҷараёни амалиёт як сарбози британиявӣ, 12 Толиб ва 2 кӯдак ҳалок шудаанд. Вилояти Ҳилманд маркази тавлиди маводи мухаддири Афғонистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG