Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Русия ҳамкории зиддимушакиро баҳс мекунанд


Департаменти давлатии ИМА эълон кард, ки 13 декабр дар шаҳри Будапешт ҳайъатҳои низомии ИМА ва Русия имкони ҳамкорӣ дар мудофиа аз ҳамлаҳои мушакиро баҳс мекунанд. Моҳи гузашта Вашингтон ба Маскав як бастаи пешниҳодҳои ҳамкориро матраҳ намуд, то ташвиши Русия аз сипари зиддимушакии Амрико рафъ гардад. Маскав ин сипарро таҳдид ба амнияташ арзёбӣ намуда, мухолифи бунёди он дар Аврупои Марказӣ мебошад. ИМА мехоҳад пойгоҳи мушакҳоро дар Полша ва ё Лаҳистон ва радарро дар Ҷумҳурии Чех мустақар кунад. Ба қавли Вашингтон ин бахши низомест, ки барои дифоъ аз "кишварҳои саркаш" монанди Эрону Кореяи Шимолӣ бунёд мешавад.
XS
SM
MD
LG