Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар пояи як назархоҳии пажӯҳишгоҳи афкори умуми Геллап, аксари сокинони кишварҳои собиқ Шӯравӣ бар ин назар будаанд, ки баъди соҳибистиқлолӣ дар ин ҷамоҳир фасод рушд кардааст.

Геллап дар арафаи нӯҳуми декабр, яъне рӯзи байналмилалии мубориза бо фасод навиштааст, ки беш аз 57 дар сади пурсидашудагон ба ин пажӯҳишгоҳи маъруфи амрикоӣ гуфтаанд, ки ба ақидаи онҳо, дар давраи Шӯравӣ ришваситонӣ камтар буд.

Ба истинои Туркманистон, назархоҳии Геллап дар 14 ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ доир гашт ва натиҷаҳои он бино бар мусоҳибаҳои рӯ ба рӯ бо 1000 фарди синнашон 15 сола ва он боло таҳия шудааст. Дар Русия бошад, мусоҳибаи рӯ ба рӯ бо 2000 нафар доир шуд.

Ба ҳисоби миёна, 57 % пурсидашудагон гуфтаанд, ки ба ақидаи онҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишварҳояшон фасод рушд кардааст. Дар ҷои аввал Қирғизистон аст. Дар ин ҷумҳурӣ 85 дар сади ширкаткунандагони назархоҳӣ гуфтаанд, ки дар кишвари онҳо фасод бештар шудааст. Дар миёни 14 ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ Узбакистон ҷои охиринро ишғол намудааст. Дар ин ҷумҳурӣ ҳамагӣ 34 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки дар солҳои ахир дар кишварашон ришваситонӣ рушд намудааст. Ҳангоми пурсиш дар Тоҷикистон 47 % ширкаткунандагони назархоҳӣ иброз доштаанд, ки дар ин ҷумҳурӣ фасод дар ҳоли рушд аст.

Дар Қазоқистон 58% -и пурсидашудагон мегӯянд, солҳои ахир дар ин кишвар мизони фасод бузургтар шудааст. Тобистони соли равон дар ин ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ интихоботи парламентӣ доир шуд, ки дар он ҳамаи курсиҳоро як ҳизб соҳиб шуд: натиҷае, ки ба қавли нозирони интихобот дар кишвари демократӣ ҷой дошта наметавонад.

Дар Гурҷистон бошад, 39%-и мардум ба Геллап гуфтаанд, ки дар кишварашон фасод бештар шудааст. Тирамоҳи соли равон собиқ вазири мудофиаи ин кишвар Ираклӣ Окруашвилӣ ба ҳасб гирифта шуд. Аммо дар арафаи боздошт ӯ ҳизби мухолифи ҳукумат ташкил намуда, изҳор намуд, ки Михаил Саакашвилӣ ҳукумати фасодзадаро раҳбарӣ мекунад.

Дар Русия президент Владимир Путин фасодро монеаи асосии рушди иқтисодии кишвар номидааст. 75% ширкаткунандагони пурсиши Геллап дар Русия иброз доштаанд, ки дар солҳои соҳибистиқлоли Русия фасод авҷ гирифтааст.

Дар Литва, ки ҳоло узви Иттиҳодияи Аврупо мебошад, 74 % пурсидашудагон гуфтаанд, ки дар муқоиса бо даврони Шӯравӣ ҳозир дар ин кишвар соҳили Балтик ришваситонӣ бештар аст. Чанде пеш Комиссияи аврупоӣ бо ишора ба иҷрои сусти барномаи мубориза бо фасод аз соли 2002 Литваро мавриди интиқод қарор дод.

Дар солҳои Шӯравӣ мизони фасод дар байни ҷамоҳири Иттиҳод фарқ дошт. Коре, ки дар як ҷумҳурӣ бидуни мушкилӣ ба сомон мерасид, дар ҷумҳурии дигар эҳтимол бар ивази пора иҷро мешуд.

XS
SM
MD
LG