Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи ниҳоди қонунгузор дар Туркманистон


Имрӯз раъйдиҳандагони туркман вакилони ниҳоди қонунгузори ин кишвар: Халқ маслаҳатӣ ё худ Шӯрои мардумиро интихоб мекунанд. Матбуоти маҳалии Туркманистон гузориш медиҳад, ки тақрибан ҳамаи довталабҳои 2500 курсии Халқ масалаҳатӣ аъзои ягона гурӯҳи сиёсии ин кишвар ҳизби демократии Туркманистон ва ҳамчунон созмонҳои ҷамъиятии ин кишвар ҳастанд.
Дар сӯҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ аксари раъйдиҳандгони туркман гуфтаанд, ки аз ҳайъати нави Халқ маслаҳатӣ интизориҳои зиёд надоранд, вале тавре президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ваъда додааст, ин интихобот метавонад қадаме дар роҳи ислоҳоти демократӣ бошад.
XS
SM
MD
LG