Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш корхонаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байнулмилалии саноати ғизо ва нӯшока мавсум ба Prod Expo-2008 аз ин кишвар намояндагӣ мекунанд.

Ин корхонаҳо “Шарбатҳо” ва “Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ” аз шаҳри Душанбе ва “Корхонаи консервбарории Ҳасанов”, “Элита-Истаравшан”, “Нек” ва гурӯҳи “Нур” аз вилояти Суғд будаанд.

Понздаҳумин намоишгоҳи байнулмилалии саноати хӯрока ва нӯшока рӯзҳои 11 – 15 феврал дар шаҳри Маскав баргузор мегардад. Ин намоишгоҳи ҷашнӣ бо мусоидати ҳукумати шаҳри Маскав ва Палатаи тиҷорат ва саноати Русия доир мешавад. Бо кӯмаки молӣ ва фаннии Маркази байнулмилалии тиҷорат (ITC), Идораи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) ва Оҷонсии олмонии ҳамкории фаннӣ (GTZ), шаш корхонаи бузургтарини коркард ва тавлиди маҳсулоти мевагӣ ва сабзавот аз Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрока дар ҳудуди собиқ Шӯравӣ ширкат мекардаанд.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари Маркази байнулмилалии тиҷорат ба Радиои Озоддӣ гуфт, бо назардошти ниёз ба вуруди сареътар ба бозори кишварҳои дигар, қабл аз ҳама Русия ва Қазоқистон, иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар чунин як намоишгоҳ барои ин корхонаҳо имконоти хуби муаррифии маҳсулоти худ ва дарёфти харидорон ва ҳамкорони нав дар хориҷ аз кишварро фароҳам меоварад.

Ҷаноби Камолов бар ин назар аст, ки намоишгоҳ барои корхонаҳои Тоҷикистон имкони хубе хоҳад буд, то маҳсулоти худро ба доираи васеъи истеъмолкунандагон нишон бидиҳанд ва робитаҳои мутақобилан судманд бо ширкатҳои хориҷӣ барқарор намоянд. Аз ҷониби корхонаҳои Тоҷикистон намудҳои гуногуни маҳсулот барои намоишгоҳ омода хоҳад шуд. Ҷаноби Камолов мегӯяд, намоишгоҳ ба корхонаҳои Тоҷикистон имкони воқеъии пешбурди тиҷорати худ дар бозорҳои беруна, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва роҳҳои нави фурӯшро фароҳам меорад.

Барои омодагии беҳтар ва касбӣ ба намоишгоҳ, МБТ як ширкати маҳаллӣ - ҶММ «Промоушн»-ро ба ҳамкорӣ ҷалб намудааст, ки он ширкат дар омода намудани тарҳ (дизайн)-и стенди Тоҷикистон, кӯмак ба корхонаҳо дар таҳияи маводи тарғиботӣ кӯмак мерасонад ва ҳамчунин, давраҳои омӯзишӣ дар мавзӯъи иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ доир менамудааст.

XS
SM
MD
LG